• Акнун тоҷикҳо бевиза 90 рӯз дар Туркия монда метавонанд

Давлати Туркия муқаррароти ҳузури бидуни раводид (виза) 90 рӯз барои шаҳрвандони се кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Азия плюс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия бо имзои фармоне ҳузури 90 рӯза бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар кишвараш қонунӣ кард.

Шаҳрвандони ин се кишвар то ба ҳол метавонистанд ба муддати 30 рӯз дар Туркия бидуни доштани раводид басар баранд.

Бо имзои ин фармон шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон метавонанд тайи ҳар 180 рӯз ба муддати 90 шабонарӯз дар қаламрави Туркия ҳузур ёбанд.

Давлати Туркия қаблан барои шаҳрвандони Русия, Беларус, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Украина муқаррароти ҳузури бидуни раводиди 90 рӯзро иҷро карда буд.

Акнун шаҳрвандони 100 кишвар метавонанд бидуни раводид ба Туркия сафар кунанд, ки ин иқдом заминаи ҷазби ҳарчӣ бештари гардишгарони хориҷиро фароҳам месозад.

 

Ноябр 12, 2018 22:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо