• Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз коргарони нерӯгоҳи Роғун

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати роҳандозии аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба беш аз 100 нафар аз коргарон ва мутахассисон нишонҳои давлатӣ эъто кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе дар Қасри миллат дар шаҳри Душанбе ба муносибати роҳандозии аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба беш аз 100 нафар аз мутахассисоне, ки дар рушди бахшҳои мухталиф саҳми қобили мулоҳизае доштанд, нишонҳои давлатӣ эҳдо намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин маросим ба тамоми ҳозирон ин рӯйдоди таърихиро табрик гуфт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард: “бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.”

Дар маросими эҳдои нишонҳои давлатӣ ба коргарони нерӯгоҳи Роғун аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ  низ қадрдонӣ шуд.

Аз ҷумла бофармони раисиҷумҳур “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун”” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун” 2 нафар бо Ордени "Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали "Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонда шуданд.

Рӯзи 16 ноябри ҷорӣ дар нерӯгоҳи Роғун маросими роҳандозии нахустин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун баргузор мешавад.

 

Ноябр 14, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
Назарҳо