• Устоди забони англисӣ ба иттиҳоми таблиғи афкори ДИИШ ба 19 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми як омӯзгори 22 солаи забони англисӣ ва 9 шогирди вайро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ маҳкум ба зиндон кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, дар ҳукми додгоҳ таъкид шудааст, ки Ҷаҳонгир Қосимов ҳангоми тадриси забони англисӣ дар минзили истиқоматиаш дар шаҳри Душанбе, афкори гурӯҳи террористии ДИИШ-ро барои шогирдонаш таблиғ кардааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Қосимов ба 19 сол ва 9 шогирди вай ба муддати аз шаш моҳ то 9 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки тобистони имсол чаҳор нафар аз шогирдони Қосимов ҳангоми рафтан ба Афғонистон барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шуданд ва дар бозҷӯиҳо иқрор карданд, ки таҳти таъсири таблиғоти устоди забони англисии хеш қарор гирифтаанд.

Волидайн ва наздикони ин шогирдон низ муддаӣ ҳастанд, ки ин омӯзгори 22 сола бо тарҷумаи аҳодис ба забони англисӣ ба шогирдонаш чунин талқин кардааст, ки ҷиҳод болотар аз ҳаққи фарзандон бар волидайн аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ин муаллими забони англисӣ бо намоиши филмҳои видеоии таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ аз онон хостааст, ки барои ҷиҳод ба Афғонистон бираванд.

Ҷаҳонгир Қосимов дар додгоҳ эътироф карда, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ошно шуда ва таҳти таъсири афкори онон қарор гирифтааст.

Бар асоси эъломи мақомоти қазоии Тоҷикистон беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба гурӯҳҳои террористии ДИИШ пайвастаанд, ки теъдоди зиёде аз онон дар Сурия ва Ироқ кушта ва иддае ҳам боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

 

Ноябр 15, 2018 21:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо