Ноябр 16, 2018 16:26 Asia/Dushanbe

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон чанд лаҳза пеш ба кор даромад.

Эмомали Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расмӣ баъд аз зуҳри имрӯз 16 ноябри 2018 соати 16:32 ба вақти Душанбе чархаи аввали нерӯгоҳи Роғунро ба баҳрабардорӣ расонд. Дар маросими баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорон ва мақомоти олии Тоҷикистон иштирок доранд.

Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Қарор аст, чархаи дувуми Роғун моҳи апрели соли 2019 ба гардиш ояд.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз шаш агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Дар марҳилаи аввали сохтмони сарбанд  баландии он то 135 метр бардошта шуда дар марҳилаҳои оянда пай дар ҳам то 335 метр бардошта мешавад. Дар доираи марҳилаи аввали бунёди сарбанд ду агрегати Рогун метавонад ба кор дароварда шавад.

Бо супориш ва назорати бевоситаи Президенти кишвар аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” аз буҷети кишвар ба ин иншоот дар ҳаҷми 21 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Неругоҳ ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шуда, соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976  бунёди он оғоз шуд. Сохтмони сарбанди неругоҳ соли 1987 шурӯъ гардида, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расид. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони неругоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфтанд. Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» қатъ гардид.

 

 

Назарҳо