• Тақдими эътимодномаи сафирони 12 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр дар Кохи Миллат аз сафирони тозатаъйиншудаи 12 кишвар эътимоднома қабул намуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони Туркманистон, Қатар, Иттиҳоди Аврупо, Финляндия, Испания, Литва, Словения, Молдова, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Замбия ва Салвадор ба раисҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои худро супурданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирони ҷадид гуфт, ки ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозин ва сулҳхоҳонаи "дарҳои кашода" ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо сафирони тозатаъйиншуда ҳамчунин ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи Назди Балтика, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои узви он ва кишварҳои ИДМ таъкид кард.

 

Ноябр 20, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
Назарҳо