• Истиқлоли энержии Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз турбинаи чаҳоруми нерӯгоҳи “Роғун”

Пешкисват (собиқадор) - и сохти нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар пас аз баҳрабардорӣ аз турбинаи чаҳоруми нерӯгоҳи обии барқи “Роғун” ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт.

Ба гузориши “Спутник”, Анатолий Колесниченко бо ишора ба баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон гуфтааст, ки зарфияти феълии ин турбина танҳо тавлиди 100 мегаватт барқ аз тавони 600 мегаватт аст ва барои таъмини барқи мавриди ниёзи кишвар дар фасли сармо кофӣ нест.

Ба гуфтаи Колесниченко, танҳо бо фаъолсозии чаҳор турбинаи ин нерӯгоҳ ва расидани баландии садди нерӯгоҳи “Роғун” ба ҳаддиақали 300 метр аз 335 метри таъйиншуда барои он, заминаи таъмини барқи мавриди ниёзи Тоҷикистон дар фасли сармо фароҳам мегардад.

Вай таъкид кардааст, ки барои сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи “Роғун” ба 10 сол замон ва чаҳор миллиард доллар сармоя ниёз аст ва то он замон ҳамчунон дар Тоҷикистон мушкили камбуди барқ эҳсос хоҳад шуд.

Анатолий Колесниченко афзудааст, дар шароити феълии иқтисодии Тоҷикистон пайдо кардани ин манобеи молӣ низ кори душворе хоҳад буд, зеро ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳозир ба эътои қарзҳои калон ба Тоҷикистон нестанд ва шояд барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” иқдом ба фурӯши саҳмияи он дар хориҷ шавад, ки дарсади бозпардохти он бисёр боло аст.

Нахустин турбинаи нерӯгоҳи азими обии “Роғун” – и Тоҷикистон пас аз 40 сол, рӯзи 16 –уми ноябри ҷорӣ ба кор оғоз кард.

 

Ноябр 21, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
Назарҳо