Декабр 08, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҷамъе аз бозориёни Хуҷанд барои баргузории таҷаммӯи эътирозӣ

Як гурӯҳ аз бозориёни марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз раиси вилояти Суғд дархост кардаанд, ки барои баргузории таҷаммӯи эътирозӣ алайҳи фаъолияти раиси ин ноҳия дар шаҳри Хуҷанд иҷозат диҳад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин афрод аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хостаанд, ки ба онҳо муҷаввиз бидиҳад то дар эътироз ба худсариҳои Комил Саидзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бастани бозори марказии ин минтақа се рӯз таҷаммуъ кунанд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, баргузории таҷаммӯи эътирозӣ ҷоиз, аммо гирифтани иҷозати расмӣ барои ин иқдом амалан ғайримумкин аст.

Тарҳи чунин дархосте бесобиқа буда ва дар ду даҳаи ахир ҳатто барои баргузории таҷаммӯоти маҳдуд низ муҷаввиз содир нашудааст.

Бозори марказии Ҷаббор Расулов бо қарзҳои бонкии бахши хусусӣ сохта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бо бастани ин маркази тиҷорӣ қасд дорад касабаро, ки афроди маълул ва камтавон ҳастанд, ба бозори ҷадиде, ки мутааллиқ ба бародари ӯст, интиқол диҳад.

Шикояти касабаи бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дидори онон бо мақомоти масъули дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохила, Додситонии кулли Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд то кунун бенатиҷа будааст.

 

Назарҳо