Декабр 08, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти нави Тоҷикистон барои таҳсили ғайриқонунии улуми динӣ дар кишварҳои хориҷӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни наверо ироа додааст, ки бар асоси он волидайне, ки фарзандонашон дар марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ ба сурати ғайриқонунӣ таҳсили улуми динӣ мекунанд, муҷозот мешаванд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, як манбаъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо таъйиди ирсоли тарҳи қонуни ҷадид ба ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд муҷозоти ин волидайн ҷаримаи молӣ хоҳад буд.

Вай, ки нахост номаш ифшо шавад, таъкид кардааст, ки бар асоси тарҳи қонуни ҷадид судури иҷозатномаи катбӣ барои таҳсил дар марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ танҳо пас аз баррасии ин марокиз аз сӯйи сафоратҳои Тоҷикистон ва мушаххас шудани самтусӯи фаъолияти ин донишгоҳҳо имконпазир хоҳад буд.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ҳамакнун наздик ба 300 нафар аз ҷавонони тоҷик бидуни муҷаввизи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ машғул ба таҳсили улуми динӣ ҳастанд, ки бояд ба кишвари хеш баргарданд.

Афшини Муқим, сухангӯи ин кумита гуфтааст, ки дар ҳашт соли ахир беш аз 3 ҳазор ҷавони тоҷик, ки дар марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ ба таври ғайриқонунӣ талабаи улуми динӣ будаанд, ба кишвар бозгардонида шудаанд.

Аз сӯйи дигар, Абдураҳим Абдулҳасаниён, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки теъдоде аз ҷавонони тоҷик, ки дар марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ ба таври ғайриқонунӣ ба таҳсили улуми динӣ машғул буданд, ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки бастани 20 мадрасаи миёнаи исломӣ дар Тоҷикистон ва сахтгирӣ дар мавриди омӯзиши улуми исломӣ дар ин кишвар, сабаби рӯй овардани ҷавонони тоҷик ба таҳсили ғайриқонунии динӣ дар кишварҳои хориҷӣ мешавад.

 

Назарҳо