Декабр 08, 2018 13:11 Asia/Dushanbe

Пайкари панҷ муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳодисаи ронандагӣ дар Русия ҷони худро аз даст доданд, имрӯз вориди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши “Ахбор”, рӯзи шашуми декабр бар асари бархурди худрав бо як мошини ёрии таъҷилӣ дар Краснодари Русия панҷ шаҳрванди тоҷикистонӣ ҷон бохтанд.

Дар ин ҳодиса ду зани 68 ва 22 сола, як ҷавони 18 ва ду кӯдаки 10 ва 8 солаи тоҷик аз як хонавода ва як ҷавони 22 солаи рус ҷони худро аз даст доданд.

Пайкари ҷонбохтагон дар рустои Кабкрези ноҳияи Файзобод ба хок супурда мешавад.

Муҳиддин Вишгирдӣ, бародарзодаи Садбарг Шарифова, ки дар ин фоҷеа панҷ хешовандашро аз даст додааст, гуфт, ки ҳавопаймо соати яки бомдод аз Краснодари Русия парвоз мекунад ва субҳи 8 – уми декабр ба Душанбе мерасад.

Дар ин тасодуф 4 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Ноҳияи Файзобод дар 50 километрии шарқи шаҳри Душанбе қарор дорад.

 

Назарҳо