Декабр 09, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тавсиаи қаламрави шаҳри Душанбе дар нишасти шӯрои пойтахти Тоҷикистон

Намояндагони шӯрои шаҳри Душанбе дар нишасти рӯзи 18 декабри худ мавзӯи зарурати тавсиаи қаламрави пойтахти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Ба гузориши сайти Toptj.com, дар ин нишаст пас аз шунидани гузориши натоиҷи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, бар сари будҷаи пойтахти Тоҷикистон барои соли 2019 баҳсу табодули назар хоҳад шуд, ки яке аз бандҳои он ба зарурати тавсиаи қаламрави ин шаҳр ихтисос дорад.

Дар ҳоли ҳозир масоҳати шаҳри Душанбе 126 километри мураббаъ мебошад, ки теъдоди сокинони он наздик ба 1 миллион нафар унвон мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, густариши қаламрави шаҳри Душанбе танҳо аз ҳисоби вогузории заминҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон ва ба вижа қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб имконпазир хоҳад буд.

Теъдоди ҷамъияти шаҳри Душанбе аз ҳисоби муҳоҷирати сокинони манотиқи рустоӣ дар ҳоли афзоиш мебошад ва ин раванд сохти таъсисоти зербиноии мавриди ниёзи сокинони нави пойтахти Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Бо ин ҳол коршиносон мӯътақиданд, ки заминаи сохтусози манзилҳои маскунии бисёрошёна барои сокинони ҷадиди шаҳри Душанбе вуҷуд дорад, ки ба ин манзур бояд бофти қадимии пойтахти Тоҷикистон вайрон шавад.

Аммо теъдоде аз сокинон хонаҳои қадимӣ муддаианд, ки маблағҳои пешниҳодӣ дар баробари вайрон кардани хонаҳои қадимӣ ва ё манзилҳои нави маскунӣ, ки ба онон пешниҳод мешавад, наметавонад зарарҳои молии онҳоро ҷуброн кунад.

 

Назарҳо