Декабр 11, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми аршади пулиси Тоҷикистон

Як мақоми аршади пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод рӯзи душанбе майор Наврӯз Ҳакимовро боздошт карданд. Номбурда бо ваъдаи қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрванд “А” аз ӯ пардохти 10 ҳазор сомонӣ, муодили ҳазору 62 долларро хостор шуд.

Наврӯз Ҳакимов то замони боздошт дар мақоми сарбозраси пулиси ҳамлу нақли вилояти Суғд фаъолият дошт.

Сохторҳои пулис, ба эътирофи мақомоти олии Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва низ созмонҳои нозири байналмилалӣ, аз фасодзадатарин бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

 

Назарҳо