Декабр 11, 2018 13:54 Asia/Dushanbe
  • Пулисҳои назофатчӣ дар Душанбе

Дар иқдоми ҷолиби таваҷҷуҳе гурӯҳе аз пулисҳои Тоҷикистон ба тоза кардани бахше аз шаҳри Душанбе аз партов пардохтанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин гурӯҳ аз кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ҳидояти сарҳанг Абдуссаттор Фаттоҳзода, мудири бахши кор бо ноболиғон ва ҷавонони ин вазорат хиёбони Рӯдакии Душанберо аз партов тоза карданд.  

Гуфта мешавад, дар барномаи поккории шаҳри Душанбе 200 нафар аз нерӯҳои пулис ширкат доштанд.  Ин иқдом таҳти унвони "шанбегӣ" сурат гирифт, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ миёни кормандони сохторҳои давлатӣ роиҷ аст.

 

Назарҳо