Декабр 14, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии нахустин парвози мустақими Остона ба Душанбе

Нахустин бор парвози мустақими байни Остона пойтахти Қазоқистон ва Душанбе роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин парвоз соати 15 имрӯз ба вақти Остона бо як ҳавопаймои CRG200 анҷом шуд.

Талгат Лостоев раиси кумитаи ҳавонавардии мадани Қазоқистон гуфт: Бо роҳандозии парвози мустақим миёни Остона ва Душанбе раванди иттисоли пойтахти Қазоқистон бо пойтахтҳои тамоми кишварҳои узви ИДМ такмил мешавад.

Вай бо ишора ба талош барои афзоиши зарфият ва теъдоди парвозҳо дар масири Остона - Душанбе афзуд: Ба зудӣ дар ин бора бо ҳамтоёни тоҷики худ музокира хоҳем кард.

Лостоиф гуфт: Дар чанд соли ахир теъдоди мусофирони транзит аз тариқи фурудгоҳҳои Қазоқистон ба як миллион нафар расидааст ва парвози мустақим миёни Остона ва Душанбе дар ин раванд нақши муҳимме хоҳад дошт.

 Неколай Буряков муовини мудири ширкати «Скот» ҳам гуфт: Замони парвоз дар ин масир 1.5 соат, теъдоди парвозҳо ҳафтае ду бор рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе ва ҳадди ақали арзиши билет яктарафа 44 ҳазор танга ва дутарафа 86 ҳазор танга хоҳад буд.

 

Назарҳо