Декабр 15, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Як миллиарду 860 миллион доллар тарози манфии муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар тайи 10 моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 800 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 726 миллион доллар бештар шудааст.

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 991 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бештари коҳиши содироти Тоҷикистон ба сангҳои гаронбаҳо ва филизот бармегардад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 215 миллион доллар будааст.

Аммо дар воридоти Тоҷикистон, ки маблағи умумии он 2 миллиарду 800 миллион доллар эълом шудааст, рушди 15 дарсадӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл мушоҳида мешавад.

Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ Русия бо 924 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон, муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст. Қазоқистон бо 768 миллион доллар дар радифи дувум, Чин бо 600 миллион доллар, Туркия бо 328 миллион доллар ва Узбакистон бо 239 миллион доллар дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Бар асоси ин гузориш, саҳми алюминиюм ва нахи пахта, ки ду маҳсуле аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меоянд, дар тиҷорати хориҷии ин кишвар дар муқоиса бо солҳои қабл ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

 

 

 

 

Назарҳо