Декабр 15, 2018 20:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон вуруди бонувони бо ҳиҷобро ба идорот мамнуъ мекунад

Нахустинбор дар таърихи Тоҷикистон, таҳияи тарҳи қонуни мамнуияти вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идороти давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон оғоз шудааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идорот ва марокизи давлатӣ ва хусусии ин кишварро бо тасвиби қонуни вижае, мамнӯъ кунанд.

Ба ин манзур, Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар бо таъсиси коргурӯҳи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли омодасозии асноди ҳуқуқии ин тарҳ ва ироаи он ба Маҷлиси намояндагон аст.

Ин дар ҳолест, ки то кунун дар Тоҷикстон маҳдудиятҳо дар заминаи вуруди бонувони бо ҳиҷоб ба идороти давлатӣ ва марокизи омӯзишӣ дар ҳадди тазаккури шафоҳӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки мубтакири таҳия ва тасвиби ин қонун кумитаи давлатии умури бонувон ва хонаводаи Тоҷикистон аст, ки қаблан бо ирсоли дархосте ба Додситони кулли ин кишвар зарурати таҳияи асноди ҳуқуқӣ барои мамнуияти вуруди бонувони бо ҳиҷоб ба идороти давлатиро матраҳ карда буд.

Ҳамчунин дар нишасте бо мушорикати намояндагони вазоратхонаҳо ва идороти ҳукуматии Тоҷикистон, 18 декабр дар шаҳри Душанбе ин мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон дар 5 соли ахир тарҳи мамнуияти пӯшиши исломӣ барои бонувони мусулмони ин кишварро дар дастури кор қарор додаанд.

Ин тарҳ ибтидо аз маҳдудияти ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишӣ оғоз шуд.

 

Назарҳо