Декабр 16, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои роҳандозии дастгоҳҳои кортхон дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки то аввали моҳи апрели соли 2019 бо насби дастгоҳҳои кортхон, заминаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз аввали моҳи апрели соли 2019 заминаи пардохти ғайрнақдии баҳои анвои хадамот ба мардумро фароҳам кунанд.

Дар дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тамоми идораҳои давлатӣ дар ин кишвар бояд бо насби таҷҳизоти мавриди ниёзи пардохти электроникӣ, ҳазинаи хадамот ва интиқоли муомилаҳои бонкиро ба ин шева дарёфт кунанд.

Ҳадаф аз ин иқдом коҳиши мизони нақдинагӣ дар муомилаҳои молии Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки барои роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ бояд аз тариқи расонаҳои хабарии давлатӣ ва ба вижа телевизион ба мардум иттилорасонӣ шавад то онон аз бартарии ин равиш огоҳӣ пайдо кунанд.

Коршиносони умури молӣ дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ҳукумати ин кишвар мехоҳад сармояи мардумро, ки дар даст онҳо ва дар хона нигаҳдорӣ мешавад ба муомилаи бозори дохилӣ ворид кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели беэътимодии мардум ба бонкҳои Тоҷикистон, ки дар се соли охир аз тавони бозпрдохти супурдаҳои молии мардум бархурдор набудаанд, роҳандозии пардохтҳои ғайринақдӣ коре душвор хоҳад буд.

 

Назарҳо