Декабр 22, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Соҳиби бозори Корвон ба ваъдааш амал кард+akc

Нуршед Машрабов соҳиби бозори Корвон-и шаҳри Душанбе ба ваъдае, ки ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дода буд, амал кард.

Ба нақл Дафтар матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Нуршед Машрабов дар рустои Оби шифои ноҳияи Рудакӣ сохтмони нави мактаби миёнаи рақами 7-ро бино кард.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи мактаб гуфт, ин мактаб бо ҳазинаи 26 миллион сомонӣ бунён шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаб гуфт, аз фурсат истифода бурда  ва аз соҳибкори саховатманди ин ноҳия Нушред Машрабов ва ҳамаи шахсони некукоре, ки барои ободонии ноҳия ва рустои он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ мекунам.

Тибқи иттилоҳи манбаъ, ин мактаб барои таҳсили 1280 хонанда пешбинӣ шудааст.

Соли гузашта ҳангоми мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Рудакӣ, Нуршед Машрабов ваъдад дод ин мактабро бино кунад ва дар арзи як сол онро иҷроӣ кард.

Нуршед Машрабов писари Хол Машрабов раиси собиқи ноҳияи Рудакӣ аст, у яке аз соҳибокорони муваффақи тоҷик ба ҳисоб меояд.

 

Назарҳо