Январ 11, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии манфии “Форбс” аз вазияти тиҷорат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Нашрияи маъруфи молии амрикоӣ дар охирин арзёбии худ аз аз вазияти пешбурди тиҷорат ва фаъолияти бахши хусусӣ, ба Тоҷикистон баҳои манфӣ додааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Тоҷикистон дар радабандии нашрия “Форбс” аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ дар рутбаи охир қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар арзёбии “Форбс” аз байни 161 кишвари ҷаҳон дар рутбаи 124 қарор дорад, ки поинтар аз тамоми кишварҳои шомили ҷомеа муштаракулманофеъ ва Шӯравии собиқ аст.

Гуфта мешавад, маҷаллаи “Форбс” дар ин арзёбӣ мавридҳое чун ҳуқуқи моликият, мизони сармоягузорӣ, мизони молиёт ва сатҳи фасод, озодии фардӣ ва молӣ ва низ мизони бюрократияро дар назар гирифтааст.

 

Назарҳо