Январ 12, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯи тоҷик дар Миср сар аз Сурия даровард

Нерӯҳои курди сурӣ ахиран аз боздошти як гурӯҳи 8 нафарӣ аз атбои хориҷии узви гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додаанд, ки дар миёни онон Муҳаммад Давлатализода, мулаққаб ба Абумусъаб Аттоҷикӣ, сокини 24 солаи Тоҷикистон низ шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин фард сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки ба гуфтаи модараш дар соли 2014 барои идомаи таҳсили илм ба Миср рафта ва акнун сар аз Сурия даровардааст.

Хонум Меҳрӣ Қурбонова, модари Муҳаммад Давлатализода гуфтааст, ки писараш донишомӯхтаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст, ки дар соли 2014 барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буд, аммо акнун маълум мешавад, ки вай дар Сурия ҳузур доштааст.

Ба гуфтаи модари Муҳаммад Давлатализода, ду моҳи қабл писараш дар тамоси телефонӣ аз ин ки фиреб хӯрда ва ба Сурия рафта, ибрози пушаймонӣ кардааст ва волидайнаш аз вай хоста буданд, ки ба Тоҷикистон бозгардад.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардаанд, ки Муҳаммад Давлатализода аз моҳи апрели соли 2015 ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Ин мақомот теъдоди атбои тоҷикистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқро наздик ба 1 ҳазору 900 нафар унвон мекунанд, ки теъдоде аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

 

Назарҳо