Январ 12, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Як севум аз кулли тарҳҳои дар ҳоли иҷрои Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои ройгон аст

Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълом кард, ки як севум аз кулли тарҳҳои дар ҳоли иҷрои ин кишвар аз ҳисоби кумакҳои ройгони ниҳодҳо ва муассисаҳои молии байналмилалӣ мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, дар ҳоли ҳозир 69 тарҳ ба маблағи 3 миллиарду 23 миллион доллар дар дасти иҷро мебошад, ки 23 тарҳ аз ҳисоби кумакҳои ройгонт ниҳодҳо ва муассисоти молии байналмилалӣ амалӣ мешавад.

Аз ин тарҳҳо 9 маврид ба омӯзиш ва парвариш, 23 маврид ба обрасонӣ ва кишоварзӣ, 11 маврид ба бахши энержӣ, 16 маврид ба ҳамлу нақл ва теъдоде ҳам ба бахшҳои иҷтимоӣ мутааллиқ аст.

Бонки Рушди Осиё барои ин тарҳҳо 743 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 594 миллион доллар, Бонки содирот ва воридоти Чин 467 миллион доллар, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо 403 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломӣ 148 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Ҳамчунин вомҳои ин ниҳодҳои молӣ ва кумакҳои Сандуқи рушди Кувайт, Сандуқи сармоягузории Арабистони Саудӣ ва Сандуқи рушди Абудабӣ ба муддати 20 то 40 сол бо суди то 2 дарсад вогузор шудааст, ки аз 4 то 10 соли нахуст низ давраи имтиёз дар бозпардохти ин вомҳо мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2018 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ду миллиарду 893 миллион доллар расид, ки як миллиарду 200 миллион доллари он мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти кишвари Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, ба Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва ба Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

 

Назарҳо