Январ 16, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати аломатгузории марзи муштарак

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳошияи нишасти Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар шаҳри Самарқанд бар зарурати имзои созишномаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши сайти Тоҷик ТА, Сироҷиддини Муҳриддин ва Чингиз Ҳайдарбеков дар ин дидор дар бораи равобити дуҷониба ва мавзӯи имзои созишномаи аломатгузории марзи муштарак баҳсу табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш омодаи имзои созишномаи аломатгузории марзи муштарак бо Қирғизистон аст ва тавофуқоти қаблӣ дар ин мавридро асоси дастёбӣ ба ниҳоӣ кардани ин аснод медонад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилояти Суғд ва Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.

 

 

Назарҳо