Феврал 18, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро дар Норак пешвоз мегирад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 –уми март ба шаҳри Норак хоҳад рафт то дар ҷашни Наврӯз дар ин шаҳр ширкат кунад.

Ба гузориши Азия плюс, ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳри Норак намоишномаи театрӣ бо мушорикати устодони санъату ҳунари ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, авоили моҳи феврал муҷассамаи Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳр барканда шуда ва тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ қарор аст ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шавад.

Мақомоти шаҳрдории Норак дар ин маврид гуфтанд, муҷассамаи Ленин ба боғи фарҳангӣ ва фароғатии ин шаҳр мунтақил хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз шаҳри Норак, аз наздик авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрро баррасӣ ва дар маросими ифтитоҳи чанд корхона ва коргоҳи ин шаҳр ширкат хоҳад кард.

 

Барчасп

Назарҳо