Феврал 18, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ: Уфуқи равобити Эрон ва Тоҷикистон равшан аст

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки Теҳрон ҳамеша тарафдори Тоҷикистони амну босубот будааст, итминон дод, талоши бадхоҳони равобити ду кишвар ба натиҷа нахоҳад расид.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Эрон яке аз чаҳор кишвари нахусте буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишвари доиркунандаи сафорат дар Душанбе буд, ки ин сафорат бар хилофи дигарон, ҳатто дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандии даҳаи 1990 низ фаъол буд.

Вай афзуд, далели ин иштиёқ ва пешгомӣ дар барқарории равобит ҳам равшан аст ва ба таъбири зебои Раҳбари муаззами инқилоб «Эрон ва Тоҷикистон қавму хеш ҳастанд». Мизони иштирокоти ду кишвар ва вазъияти мукаммали равобити иқтисодӣ, ҳатто аз бархе ҳамсоягони бевоситаи мо бештар аст, албатта дӯстони тоҷик ҳам барои тавзеҳи равобити мо таъбири зебои «пайвастагии гӯшту нохун» - ро ба кор мебаранд.

Фағонӣ идома дод: Ин равобит давраҳои мухталиферо аз сар гузаронда, ки метавон онро ба се давраи мутафовит тақсим кард. Нахуст давраи таквин ва таъсиси равобит, ки шурӯи амалии ин давра бо оғози истиқлоли ин ҷумҳурӣ тақорун дорад ва чунончӣ гуфтам, мо аввалин сафоратро дар Душанбе доир кардем ва пешгоми равобит будем.

Сафири Эрон дар Душанбе афзуд, давраи дувум давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва миёнҷигарии Эрон буд ва севумин давра низ давраи таҳким ва тақвияти равобит аст. Ин давра пас аз ҳусули созиши миллӣ дар Тоҷикистон ва оғози давраи бозсозии кишвар шуруъ шуд ва Эрон пешгоми мушорикат дар бозсозии сохторҳо ва бунёди таъсисоти ҷадид дар Тоҷикистон шуд.

Вай идома дод, ин давра ба фосилаи кӯтоҳе пас аз таъсиси равобит шуруъ шуд ва шароити сахте, ки ба сурати пешбининашуда дар Тоҷикистон пеш омад, табъан аз масодиқи барномаҳое буд, ки ба ду тараф таҳмил шуд.

Фағонӣ афзуд: Табъан мо ҳамеша Тоҷикистонро амн ва босубот мехоҳем ва аммо бо вуқӯи ҷанги дохилӣ, ногузир ҳамкориҳо рангу бӯйи дигаре ёфт ва талоши Эрон маътуфи кумак ба давлати Тоҷикистон дар ҳусули созиши миллӣ гардид.

Вай изҳор дошт: Дар 2 то 3 соли ахир қадре дар ҳамкориҳо кундӣ пеш омад, ки бо иттилое, ки аз нигоҳи раҳбарони ду кишвар ба моҳияти хешовандонаи муносиботи фимобайн ва манофеи роҳбурдӣ ва дарозмуддати ду кишвар аз ҳамкорӣ бо ҳам дорам, тардиде нест, ки бар хилофи хост, талош ва интизори бадхоҳоне, ки ҳамвора саъй карданд ба бародарӣ ва дӯстии пойдори ду кишвар садама бизананд, ин муносибот ҳамчунон мустаҳкам ва устувор пеш хоҳад рафт.

Фағонӣ таъкид кард: Тамҳидоти хубе барои эҷоди таҳаррук дар равобити ду кишвар андешида шуда ва инҷониб комилан хушбин ҳастам, ки уфуқи пешорӯйи равобит уфуқи равшан ва густурда аст. Бовари қалбӣ дорам, ки равобити бародарона миёни Эрон ва Тоҷикистон на танҳо хости ду давлат, балки хости халалнопазири илоҳӣ аст.

 

Барчасп

Назарҳо