Феврал 19, 2019 10:09 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Узбакистон корхонаи тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ месозанд

Тоҷикистону Узбакистон корхонаи муштараки тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ месозанд, ки қисмҳои эҳтиётии онро Узбакистон таъмин хоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, муҷаввизи таъсиси ин корхона, ахиран, дар Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон сабт ва содир шудааст.

Созишномаи сохти корхонаи муштараки тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ дар рӯзи 9 октябри соли 2018 миёни "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон ва Ширкати мошинсозии кишоварзии Узбакистон имзо шуда буд.

Гуфта мешавад, дар бахши кишоварзии Тоҷикистон, ки аз мушкили куҳна ва фарсуда шудани мошинолоти мавриди ниёзи хеш ранҷ мебарад, тавлиди таҷҳизот дар дохили ин кишвар бисёр муҳим аст, зеро Ожонси давлатии омори Тоҷикистон дар авохири соли 2018 эълом карда буд, ки беш аз 25 дарсади таҷаҳизоти кишоварзии ин кишвар ба далели куҳна ва фарсуда шудан ғайриқобили истифода мебошад. Бар ин асос дар ҳоли ҳозир 26 ҳазору 969 ҳазор трактор дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон қарор дорад, ки танҳо беш аз 20 ҳазори он қобили истифода аст.

Дар пайи беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон тайи ду соли ахир акнун мақомоти ду кишвар барои сохти корхонаҳои муштарак гом бармедоранд. Чанд рӯз қабл эълом шуд, ки ширкати узбакистонии “Артел” қарор аст, дар Тоҷикистон корхонаи тавлид яхдон бисозад.

 

Назарҳо