Феврал 19, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди алюминий дар Тоҷикистон дар соли 2018

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши тавлиди алюминий дар ин кишвар дар соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Корхонаи алюминийи ин кишвар дар соли 2018 танҳо 95 ҳазору 800 тонна маҳсул тавлид кардааст, ки тайи 10 соли ахир камтарин шохис ба ҳисоб меояд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2017 Ширкат алюминийи Тоҷикистон 103 ҳазор тонна маҳсул тавлид кард, ки дар муқоиса бо соли қабл аз он 26 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2012 ба мизони 175 ҳазор тонна камтар буд. Ширкати алюминийи Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли 2018 тавлиди ин маҳсулро ба 168 ҳазор тонна хоҳад расонд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бар асоси барномаи рушд, тавлиди солонаи алюминий дар Ширкати алюминийи Тоҷикистон қарор аст, дар соли 2020 ба мизони 349 ҳазор тонна ва дар соли 2030 ба 380 ҳазор тонна бирасад.

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон далели коҳиши тавлиди алюминий дар ин кишварро аз кор уфтодани кӯраҳои об кардани маводи аввалия ва сари вақт нарсидани сӯхт эълом кардаанд.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тонна маҳсулот дар сол бархурдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тонна алюминий будааст. Ин дар ҳоле аст, ки қимати ҳар киловатт-соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ беш аз 10 дарсад арзонтар аст. Ҳамакнун қарзи ин корхона бобати барқи масрафӣ ба беш аз 400 миллион сомонӣ расидааст.

 

Назарҳо