Феврал 23, 2019 09:57 Asia/Dushanbe
  • Комюнҳои тоҷикистонӣ ҳамчунон пушти марзҳои Туркманистон

Пас аз се ҳафтаи маъталӣ, давлати Туркманистон танҳо ба 12 комюни тоҷикистонӣ иҷозаи хуруҷ аз ин кишварро додааст ва 40 комюни дигар ҳамчунон билотаклифанд.

Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, ин дар ҳолест, ки беш аз 100 вагони тоҷикистонии ҳомили сӯхт, таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ пушти марзҳои Туркманистон мутаваққиф шуда ва ба ин васоили нақлия муҷаввизи ҳаракат дода нашудааст.

Теъдоде аз ронандагони тоҷик гуфтаанд, ки мақомоти гумруки Туркманистон пас аз ду ҳафтаи маъталӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон муҷаввизи вуруд надодаанд ва онҳо маҷбуранд аз масири Қазоқистон, Русия ва Қафқоз ба Туркия бираванд, ки бо ҳазинаи изофӣ, афзоиши масрафи сӯхт ва тулонӣ шудани масир ҳамроҳ хоҳад буд.

Ҳамчунин ин ронандагон маҷбуранд дар масири бозгашт аз Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Қазоқистон убур кунанд, ки масири тӯлонӣ ва пурҳазина аст.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки тарафи туркманистонӣ ба дархости онон барои баррасии ин мушкил посух намедиҳад.

Аз сӯйи дигар, чанд рӯз қабл Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, ки мақомоти сиёсии Туркманистон ба тамосҳои тарафи тоҷик барои тавзеҳ дар мавриди иллати таваққуфи дубораи вагонҳо ва комюнҳои Тоҷикистон посух намедиҳанд.

Туркманистон авохири моҳи августи соли 2018 низ ба комюнҳои Тоҷикистон, ки пушти марзҳои ин кишвар монда буданд, иҷоза надод, ки аз тариқи хоки Ишқобод ба самти Душанбе ҳаракат кунанд.

 

Барчасп

Назарҳо