Феврал 25, 2019 13:24 Asia/Dushanbe
  • Дарёчаи Қарокӯли Тоҷикистон - зумурруди дурахшони Ховари Миёна+akc

Дарёчаи Қарокӯл ё Кӯли Сиёҳ дар миёни риштакуҳҳои Помири Тоҷикистон дар Парки Миллӣ воқеъ шудааст.

Ин дарёча яке аз зеботарин ва беназиртарин маконҳо дар Осиёи Миёна аст. Дарёчаи Қарокӯл дар воқеъ як ҳавзчаи баста аст, ки оби он ҷузви обҳои шӯр ба ҳисоб меояд. Дарёча дар иртифоъи 3900 метрӣ аз сатҳи дарё қарор дорад. Бо таваҷҷуҳ ба иҳота шудани даёча бо куҳҳои баланд, ҳавои мартуб дар минтақа боқӣ монда ва манозири зебое эҷод шудааст. Мизони борандагии солонаи дарёфтии дарра, камтар аз 30 милли метр аст, ки муҷиб шуда ин минтақа ҷузви хушктарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ бошад. Байни моҳҳои октябр ва май , сатҳи дарёча ях мезанад, ки ҳамин амр манзараи зебоеро падид меоварад. Ба ҳангоми боздид аз дарёча метавнед ба рустоҳои атроф ҳам сар занед ва аз боздид аз онҳо лаззат бибаред. бад нест бидонед, ки қишрҳои қазоқистонӣ низ дар ин минтақа яйлоқ ва қишлоқ мекунанд ва ин атроф барои гусфандони онҳо чарогоҳҳои муносибе дорад.

Ба бовари мардуми маҳаллӣ, дарёча дар асари бархурди як шаҳоб санг дар ҳудуди 25 миллион сол пеш бо замин ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳамон афсонае аст, ки дар мавриди Қарокӯл байни мардум даҳон ба даҳон мечархад. Оби дарёча аз об шудани барфҳо таъмин мешавад. Қутри даҳонаи дарёча 25 километр аст. дарёча то аввалҳои қарни бистум ба номи дарёчаи Виктория маъруф буд, ки ин ном ба ифтихори малакаи Британия бар ин дарёча гузошта шуда буд, аммо бо вуруди Шуравӣ ба ин минтақа номи дарёча тағйир кард.

Дарёчаи Қарокӯл ду ҳавзчаи ҷудогона дорад, ки боиси эҷоди як нимаҷазира дар бахши шимолӣ ва як ҷазира дар бахши ҷанубии он шудааст. Ҷазира 8 километр тул ва 4 километр арз дорад ва фосилаи байни нимаҷазира ва ҷазира як километр аст. Ҳавзчаи шарқӣ нисбатан ба ҳавхчаи ғарбӣ (бо умқи 236 метр), кам умқтар (бо умқи 22 метр) аст. Ҷолиб аст бидонед , ки се рудхона вориди дарёча мешаванд, аммо ҳеҷ руде аз он хориҷ намешавад. Оби дарёча низ ба шиддат шӯр аст.

Ин дарёча миёни гардишгарон ба далели чашмандозҳои беназираш бисёр маҳбуб аст. Ранги дарёча дар саросари тобистон байни кубуди равшан то сабзи тира тағйир мекунад.

Барчасп

Назарҳо