Март 15, 2019 21:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Душанбе ва Боку бар тавсиаи теранзити маҳсулот

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар чорчуби дувоздаҳумин ҳамоиши Боку бо ҳамтои озарбойҷонии худ дидор кард.

Ба гузориши ИРНА, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки дар чорчуби дузодаҳумин ҳамоиши Боку бо Шоҳин Мустафоев вазири иқтисоди Озарбойҷон, ки ҳамзамон раёсати комиссияи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро бар ӯҳда дорад, дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин нишаст, ки бо ҳузури мутахассисони ниҳодҳои мухталифи Озарбойҷон баргузор шуд, равобити дуҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор бар рӯйи афзоиши ҳамлу нақли транзитии маҳмулаҳои Тоҷикистон аз тариқи хоки Озарбойҷон таъкид шуд.

Тарафи озарбойҷонӣ омодагии худ барои баррасии масоили марбут ба эҷоди шароити муносиб барои ҳамлу нақли маҳмулаҳои Тоҷикистон ба вижа бо вазъи таърифаҳои муносиб аз тариқи ҷода, роҳи оҳан ва роҳҳои дарёии ин кишвар эълом кард.

 

Барчасп

Назарҳо