Март 22, 2019 16:23 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи маркази  иттилооти гардишгарӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ба манзури осонсозии иттилоърасонии комил ба гардишгарони хориҷӣ дар мавриди Тоҷикистон як маркази иттилооти гардишгарӣ ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, акнун гардишгарони хориҷӣ метавонанд ҳамаи иттилооти мавриди ниёзи худро дар бораи масирҳои туристӣ, маконҳои таърихӣ, бустонҳо ва минтақаҳои тафриҳӣ, марказҳои харид, ҳотелҳо ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон аз марказҳои иттилооти гардигарии фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе дарёфт кунанд.

Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе бо эъломи ин хабар, роҳандозии чунин марказеро бо номгузории солҳои 2019-2021 ба унвони се соли тавсеъаи гардишгарӣ, русто ва саноеи дастӣ дар Тоҷикистон муртабит донист.

Дафтари ин марказ дар дохили фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба се забони форсии тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ба гардишгарон хидматрасонӣ мекунад.

 

Назарҳо