Март 22, 2019 19:52 Asia/Dushanbe
  • Барканории неруи полиси Тоҷикистон ба далели бадрафторӣ бо як зан

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барканории як гуруҳбони ин вазорат, ки занеро дар куча мавриди зарбу шатм қарор дод хабар додааст.

Ба нақл аз хабаргузории Авесто, гуруҳбони Вазорати кишвари Тоҷикистон  Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид , ки як занро дар наздикии Вазорати дифои Тоҷикистон мавриди лату куб қарор дод аз мақомаш барканор шуд.

Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид  дар сафи неруҳои вижаи Вазорати кишвари Тоҷикистон фаолият мекард.

Неруҳои вижаи Вазорати кишвари Тоҷикистон муваззаф ба таъмини амнияти роҳ дар зимни омаду шуди раиси ҷумҳур ва меҳмонони баландпоя дар ин кишвар аст.

Рӯзи 21 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое мунташир шуд, ки дар он шахсе бо либоси полис занеро дар канори ҷодда  ва наздикии Вазорати дифои Тоҷикистон мавриди лату куб қарор медиҳад.

Нашри ин видео дар аёми Наврӯз дар интернет хашми корбарони шабкаҳои иҷтимоиро барангехт.

Дар ҳамин ҳол Вазорати кишвари Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ин зан Мадина Шамсова 33 сола ва аз сокинони шаҳристони Рудакӣ аст, ки зери лату куби гуруҳбони полис қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кард ин зан, ки пештар ба далели дуздӣ маҳкум шуда буд, пас аз масрафи алкул назмро дар хиёбон риоят накарда ва сарвони полис хоста буд аз рафтори номуносиб вай пешгирӣ кунад, аммо худ низ қонунро нақз кард, ки ин мавзӯъ муҷиби барканориаш шуд.

Назарҳо