Март 23, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар сафар ба вилояти Хатлон аз бархе тарҳҳо баҳрабардорӣ ва бо донишҷӯёни ин вилоят дидор кард.

Ба нақл аз Ка-Нюз, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон санги бинои  поёнаи мусофирбарии ин шаҳрро гузошт.

Раҳмон ҳамчунин дар маросими рунамоӣ аз тарҳи рушди ҳамлу нақли умумии ин вилоят, ки бо кумаки молии Бонки  аврупоии рушду бозсозӣ таҳия шудааст ширкат кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳамчунин аз донишгоҳи давлатии Носир Хусрав боздид ва бо устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ дидор кард.

Ӯ дар ин дидор гуфт, Бохтари бостонӣ дар қадим маҳди давлатдориҳои муқтадир ва зодгоҳи шахсиятҳои матраҳе чун шоир ва донишманди бузург Носир Хусрави Қубодиёнӣ будааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ёдоварии ин мавзӯъ аз донишҷӯён хост дар роҳи касби илму ҳунар ва бузургдошти ниёкони худ кушо бошанд.

Дар идома бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ширкати кишоварзии "Бустон-2010" кишти пахта дар ин вилоят ба таври расмӣ оғоз шуд.

Пахта маҳсули аслии содиротии Тоҷикистон  ба хориҷ аст ва вилояти Хатлон аз муҳимтарин марокизи кишти ин маҳсул дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Барчасп

Назарҳо