Март 23, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Озодии машрути ҷияни муфтии Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷияни муфтии Тоҷикистонро машрут аз зиндон озод кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, бар асоси ин ҳукми машрут, Муҳтадӣ Абдулқодиров пас аз озодӣ таҳти назорати мақомот аст ва ҳақ надорад бидуни иҷозаи онҳо, маҳалли зиндагӣ, кору таҳсилашро иваз кунад.

Ҳамчунин ба ӯ эълом шуда, ки дар сурати риоят накардани ин шурут, мумкин аст дубора ба зиндон бозгардад.

Муҳтадӣ Абдулқодирови 36-сола, ки бо иттиҳоми салафигароӣ ва барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт ва 4 соли охир дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурд, рӯзи 29 ноябр бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди бозгашт ӯро кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дастгир карданд.

Муҳтадӣ Абдулқодиров ҷияни Саидмукаррам Абдулқодирзода раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аст.

Барчасп

Назарҳо