Март 25, 2019 11:07 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷиноятӣ алайҳи писари раиси бозори

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, алайҳи Кабир Кабиров, писари молик ва роҳбари бозори "Султони Кабир” бар асоси қисми сеюми моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, вай, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, шабона ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе контроли худравро аз даст дода ва бо симчӯб бархӯрд кардааст, ки бар асари ин ҳодиса ду сарнишин кушта ва худи ронанда бо як сарнишини дигар ба шиддат маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи Кабир Кабиров, ки акнун дар бемористон бистарӣ аст, ба иттиҳоми нақзи қавонини роҳ ва беэҳтиётӣ, парванда ҷиноӣ ташкил додаанд.

Бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон, ин иттиҳом метавонад аз 5 то 10 сол зиндон барои ронандаи мутахаллифро дар пай дошта бошад.

Тайи солҳои ахир вуқӯи чанд мавриди тасодуфоти ронандагӣ марбут ба фарзандони мақомоти баландпояи давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шуда, ки мунҷар ба фавти дигарон ё худашон шудааст. Яке аз ин тасодуфот дар соли 2013 марбут ба Расули Амонуллоҳ, фарзанди мудири вақти Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, ки 3 кушта барҷой гузошт. Дар соли 2016 низ ҳодисаи дигаре бо ронандагии Фаромуз Саид, фарзанди муовини нахуствазири Тоҷикистон рух дод, ки ду кушта барҷой гузошт.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, тайи ду соли ахир бар асари ҳаводиси ронандагӣ дар ин кишвар беш аз 700 тан кушта ва 2 ҳазору 300 нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

Назарҳо