Март 26, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Тошканд сафар мекунад

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Тошканд сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҷараёни ин нишаст, ки 28 март дар Тошканд баргузор мешавад, қарор аст вазъияти мавҷуд дар марзҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва раванди тавсеаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Фармондеҳони Хадамоти марзбонии кишварҳои ИДМ қасд доранд тайи ин ҷаласа пешнависи барномаи ҳамкории кишварҳои узв дар заминаи тақвияти амнияти марзӣ дар марзҳои хориҷӣ барои солҳои 2021-2025, тартиб, омодасозӣ ва баргузории амалиёти вижаи муштараки марзӣ ва пешнависи барномаи кори Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ барои соли 2020 мелодиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин ба масоили марбут ба омодасозии тӯли марзҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 75 -умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум таваҷҷуҳи вижа хоҳад шуд.

Раҳмоналӣ дар ҷараёни боздид аз Тошканд дидорҳои дуҷонибаро низ анҷом хоҳад дод.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо раёсати Хадамоти марзбонии Узбакистон мулоқот ва перомуни тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои марзбонии ду кишвар баҳсу гуфтугӯ хоҳад кард.

Созмони ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт ва аввалин нишасти ин созмон августи соли 1993 –и мелодӣ баргузор шуд.

Баёнияи таъсиси ин созмон 21 декабри 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато мунташир ва тавассути сарони кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст, азҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Гурҷистон 8 октябри 1993 (16 меҳри1382) ба дунболи мувофиқати руасои ҷумҳури кишварҳои узв дар ин созмон ба узвият даромад.

 

Барчасп

Назарҳо