Апрел 20, 2019 09:03 Asia/Dushanbe
  • Номаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Гуруҳе аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон лағви дастури ҳукумати ин кишвар дар заминаи афзоиши нархи Интернетро хостор шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин ашхос таъкид кардаанд, ки бо афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон танҳо василаи иртиботи онон бо хонаводаҳояшон қатъ хоҳад шуд, ки ин мавзӯъ барои коргарони муҳоҷир дар хориҷ латмаи сангине хоҳад буд.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки ба далели набуди ҷои кори муносиб ва ҳуқуқи кофӣ дар дохили Тоҷикистон коргарони тоҷик маҷбур мешаванд, ки барои таъмини маоши хонаводаҳои худ ба Русия раванд, аммо акнун бо гарон шудани нархи Интернет ҳар коргари муҳоҷири тоҷик барои тамос бо аъзои хонаводааш бояд моҳе 100 то 200 сомонӣ пардохт кунад, ки ин маблағ аз тавони онон хориҷ аст.

Дастури ҳукумати Тоҷикистон  дар бораи афзоиши нархи Интернет дар ин кишвар аз рӯзи 18 апрел иҷроӣ  шуд, ки бар асоси он нархи як гегабайт Интернет дар ин кишвар бо эҳтисоби андоз ба 63 сомонӣ (баробари 6 доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд.

Ҳамчунин нархи як дақиқа муколима бо кишварҳои хориҷӣ аз 2 сомонӣ ва 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам расидааст.

Ин иқдом бо эътирози густардаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ру ба ру шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо