Апрел 23, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Таниши дубора дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъият дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар ноором шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, шомгоҳи рӯзи гузашта сокинони рустои Ворух дар шаҳристони Исфараи Тоҷикистон аз сангпаронии сокинони рустоҳои ҳамсоя дар Қирғизистон хабар доданд.

Ба дунболи ин иқдом ҷониби Қирғизистон роҳи байни ду рустои тоҷикнишини Ворух ва Хоҷа аълоро, ки аз қаламрави ин кишвар мегузарад масдуд карданд.

Ҳануз мақомоти расмии ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи ҳодисаи шомгоҳи 22 апрел дар марзи муштарак изҳори назаре накардаанд.

Марзи ин ду кишвари ҳамҷавори Осиёи марказӣ солҳост, ки буҳронӣ аст.

Ин раванд то ба ҳол муҷиби кушта ва захмӣ шудани шумори қобили таваҷҷуҳе аз сокинони ду тарафи марз ва марзбонони тоҷик ва қирғиз шудааст.

Талошҳои мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек барои ҳаллу фасли ин мушкили қадимӣ ҳануз ҳамроҳ бо натиҷаи воқеъӣ набудааст.

 

Назарҳо