Апрел 23, 2019 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози хурсандии Раҳмон аз сармоягузории Чин дар иқтисоди Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сармоягузории Чин дар иқтисоди кишвараш ибрози хурсандӣ кард ва густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ аз ҷумла шабакаи телевизионии CCTV , хабаргузории Шинҳуа ва нашрияи Ҳизби камунисти Чин таъкид кардааст, ки ҳаҷми сармоягузории Пекин дар иқтисоди кишвараш аз марзи 2 миллиарду 500 миллион доллар фаротар рафтааст.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир 350 ширкат бо сармояи тарафи чинӣ дар Тоҷикистон фаолият мекунад ва аз 644 миллион доллар сармояи хориҷӣ, ки дар соли 2018 барои тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвараш ҷазб  шудааст, беш аз 50 дарсад мутаъаллиқ ба Чин аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки зарфиятҳои ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин зиёд аст, аммо бояд барои истифода аз ин имконот барномарезӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон муътақид аст, ки баргузории ҳамоиши байналмиллалии "як камарбанд, як ҷодда" таи рӯзҳои 25 то 27 апрели соли равон дар Пекин фурсати муносиберо барои баррасии роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Пекин фароҳам хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати давлатии Чин мавсум ба CHINA MACHINERY ENGINEERING CORPORATION  эълом кард, ки бо корхонаи алминюми Тоҷикистон тавофуқномаи 545 миллион долларӣ ба имзо расонда, ки ҳадаф аз он афзоиши тавлиди алминюм дар ин кишвар аст.

Ширкати алминюми Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри соли 2016 ба далели қатъии барқ дучори ҳодиса шуда буд ба шиддат ба бозсозии таҷҳизотӣ ниёз дорад.

 

Назарҳо