Апрел 23, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • Фаврӣ: Лағви афзоиши қимати интернет бо дастури Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки афзоиши қимати интернет лағв ва тибқи нархномаи қаблӣ муҳосиба шавад.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи "Ахбор", Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон асри 23 –юми апрел дар суҳбат бо расонаҳо ин хабарро таъйид карда гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки қимати истифода аз интернет ва гуфтугуҳои телефонӣ бар асоси таъруфаи қаблӣ муҳосиба шавад ва онҳое, ки дар боло бурдани қимати интернет даст доранд, муҷозот шаванд.

Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Шарифзода, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир гуфтааст, ки аз мизони норизоятии мардум дар хусуси гароншавии қимати интернет огоҳ гаштааст ва ба ин хотир дастури лағви афзоиши қиматро додааст.

Шуруъ аз 18 апрел, бар асоси як дастури Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, қимати интернет, гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хадамоти ширкатҳои телефони ҳамроҳ чандбаробар боло бурда шуд. Ин иқдом мавҷи эътирозҳоро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард.

Бар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрел қимат як гигабайт интернет дар ин кишвар бо эҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ (муодили 6 доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд.

Бар ин асос қимати як дақиқаи муколама бо кишварҳои хориҷӣ ба 2 сомониву 25 дирам то 4 сомониву 80 дирам расида буд.

Зуҳри 23 апрел бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз мақом сабукдӯш гашт. Ин амр бисёриҳоро ба таҷдиди назари ҳукумат дар бораи афзоиши қимати интернет умедвор кард. Аммо пас аз барканорӣ, Саъдӣ Қодирзода бо амри дигари раисҷумҳур ба ҳайси муовини раиси дастгоҳи иҷроии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мансуб шуд, ки ин тасмим дигарбора мардумро ноумед ва мавҷи интиқодот аз сиёсати кадрии ҳукуматро ба бор овард.   

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22 апрел як гуруҳ ихтиёриён дар назди Театри опера ва балет ва дигар гӯшаҳои шаҳри Душанбе зери номае, ки дар он аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лағви фармони боло бурдани қимати интернет дархост мешуд, садҳо имзо ҷамъ оварданд.

Аммо ба гузориши сомонаи “Ахбор”,  Созмони ҳуқуқи башарии Human Rights Vision Foundation дар сафҳааш дар Фейсбук хабар дода, навиштааст, субҳи 23 апрел кормандони шуъбаи чоруми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба яке аз ороишгоҳҳои шаҳри Душанбе сар зада, бо фишору таҳдид асноди ин корхона ва ҳамчунин феҳристи номҳоеро, ки зери номаи шикоятӣ ба раисҷумҳур имзо гузошта буданд, бо худ бурдаанд.

Human Rights Vision Foundation ба додситони кул, омбудсмен ва вазири умури дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, то ба ин қазия расидагӣ шавад. Ин созмон ҳамчунин дархост кардааст, ки ба фишори пулис барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва омилони ин қазия муҷозот шаванд.

 

 

Барчасп

Назарҳо