Апрел 24, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии омили ҳамла ба кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар Русия

Омили ҳамла ба кӯдаки 10-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шиносоӣ ва алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои дохилии Русия аз боздошти духтари 17-солае хабар дод, ки бо ангезаҳои нажодпарастона бо корд ба ин кӯдаки тоҷик ҳамла кардааст.

Мушаххас шудааст, ки ин духтар пас аз истеъмоли нӯшидании спиртӣ муртакиби ин ҷиноят дар хиёбони Двинская, дар шаҳри Санкт-Петербург шудааст.

Ба дунболи ин ҳодиса дар шаби 19-уми апрел падари 32-солаи кӯдак ба мақомоти интизомӣ шикоят карда ва ин кӯдак дар бемористон таҳти дармон қарор дорад.

Ҳамасола шумори қобили таваҷҷӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ҳадафи иқдомоти хушунатбори гурӯҳҳои нажодпарасти Русия қарор мегиранд.

Аз пурсарусадотарини ин ҳаводис қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола дар шаҳри Серпухово, Хуршеда Султоноваи 9-сола ва Бахтиёр Расулови 31- сола дар шаҳри Санкт-Петербур аст.

Назарҳо