Апрел 24, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Эъмоли фишор бар имзокунандагони номаи эътирозӣ ба афзоиши қимати интернет

Нерӯҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон фишор бар афроди мӯътариз ба афзоиши қимати интернет дар ин кишварро, ки қасд доштанд номае ба раисҷумҳур ва додситони кулли Тоҷикистон ирсол кунанд, оғоз кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Vision Foundation дар донишгоҳҳо ва марказҳои фаъолияти афроде, ки то рӯзи 23-уми апрели соли ҷорӣ ин номаро имзо кардаанд, амалиёти шиносоӣ ва таҳдиди онҳо оғоз шудааст.

Созмони Human Rights Vision Foundation таъкид кардааст, ки кормандони шӯъбаи чоруми ВКД бо кашфи номае, ки 200 нафар аз фаъолони маданӣ бо эътироз ба афзоиши қимати интернет дар ин кишвар онро имзо кардаанд, афроди имзокунандаро таҳти фишор қарор додаанд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи муштараки Русия ваТоҷикисто, ки ин номаро имзо кардаанд, мегӯянд нерӯҳои пулис аз онҳо дархост кардаанд, ки исмҳои мубтакирони ҷамъоварии имзо алайҳи афзоиши қимати интернетро ифшо кунанд ва дар ғайри ин сурат аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ чунин рафтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва хилофи Қонуни асосӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар номидааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон ҳаққи озодии баён ва ҳаққи муроҷиати инфиродӣ ва муштарак ба идораҳои давлатиро кафолат дода ва сонсури давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ кардааст.

Бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ қимати як гигабайт интернет дар Тоҷикистон бо дарназардошти молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ ( муодили 6 доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд.

Бар ин асос қимати як дақиқа муколама бо кишварҳои хориҷӣ ба 2 сомониву 25 дирам то 4 сомониву 80 дирам расидааст.

 

Назарҳо