Апрел 24, 2019 14:49 Asia/Dushanbe
  • Сел ба ҳамроҳи талафоти ҷонӣ имрӯз дар Тоҷикистон

Боришҳои фаровони имрӯз чоршанбе ва ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳамроҳ бо талафоти инсонӣ будааст.

Ба гузориши хабаргузории Садои Хуросон, ин хабари ногуворро дақоиқе қабл Абдулазиз Восиев, рӯзноманигори фаъоли мадании тоҷик дар Фейсбук мунташир кардааст.

Ба навиштаи Восиев, дар пайи сели шадиди имрӯз дар Файзобод ду нафар ҷон бохтанд.

Абдулазиз Восиев дар идома чунин навиштааст: Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ба дунболи боришҳои шадид, сокинони рустои Сайдонӣ, ки барои бозгардондани домҳояшон ба чарогоҳ мераванд, баногоҳ бо сел мувоҷеҳ мешаванд.

Иддае аз мардон зуд ба дохили даррае, ки ин русто дар он воқеъ аст, мераванд ва кӯдакону наврасонеро, ки барои бозгардонидани чорво омадаанд, берун мекунанд.

Як мард чандин нафарро наҷот медиҳад ва вақте дасти охирин наврасро, ки гуфта мешавад аз хешони ӯ будааст мегирад, сел наздик мешавад ва мутассифона онҳоро ба коми худ мекашад.

Ҷасади ин мард пайдо шудааст, аммо наврас ҳанӯз нопадид аст. 

Назарҳо