Апрел 25, 2019 09:37 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани дубораи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

шабкаҳои иҷтимоӣ аз шомгоҳи рӯзи 23 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон дубораи масдуд шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ширкатҳои фароҳамгари хадаматои интернет дар Тоҷикистон бо таъиди хабари масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълом кардаанд, ки ин мавзӯъ ба онон бастагӣ надорад ва бояд Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон дар ин маврид тавзеҳ диҳанд.

Ба гуфтаи корбарони интернет, акнун имкони дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютюб ва Одноклосники вуҷуд надорад ва истифода аз Инстаграм, Вайбер, Ватсапп, ва Телеграм низ ба шиддат маҳдуд шудааст.

Ҳамчунин ирсоли паёмҳои савтӣ бо истифода аз паёмрасони Ватсапп барои сокинони Тоҷикистон бо мушкил ру ба ру шудааст.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки дар Тоҷикистон Хадамоти давлатии алоқа, маркази воҳиди иртиботот ва дигар идораҳои масъул ҳамеша муддаъӣ ҳастанд, ки масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ кори онон нест.

Аммо Рустам Гулов коршиноси умури иртиботот муътақид аст масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёрасонҳо дар Тоҷикистон натиҷаи акс медиҳад ва корбарон маҷбур мешаванд, то роҳҳои дигари истифода аз ин шабакаҳоро ҷустуҷӯ кунанд, албатта, ки ин иқдом муҷиби иртиқои дониши фанниии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо мешавад.

Вай таъкид мекунад ба далели пешрафти фанновариҳои иттилоърасонӣ акнун роҳҳои зиёди дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ироа мешавад, ки мушкили корбаронро ҳал мекунад. Аз ин ру масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ зиёне ба мардум намерасонад ва муҷиби афзоиши таваҷҷуҳи корбарон ба пайдо кардани роҳҳои давр задани ин маҳдудиятҳо ва иртиқои дониши фаннии онон мешавад.

 

Назарҳо