Апрел 25, 2019 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми додгоҳи Душанбе барои мусодираи амволи Кабирӣ ва наздиконаш

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба нафъи давлат ба мусодираи амволи Муҳиддини Кабирӣ раиси Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздиконаш раъй дод.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи марказӣ, ин додгоҳ бар асоси дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба мусодираи 20 манзили маскунӣ, марокизи тиҷорӣ ва дигар амвол ва дороиҳои мутаъаллиқ ба Муҳиддини Кабирӣ ва наздиконаш ба нафъи  давлат раъй дод.

Аммо сокинони ин манзилҳои маскунӣ гуфтаанд чанд сол пеш ин хонаҳоро аз Кабирӣ ва наздиконаш харидаанд ва акнун бо раъйи додгоҳи шаҳри Душанбе барои мусодираи ин маконҳо ба нафъи давлат, онҳо дар кӯча хоҳанд монд. Аз ин ру ба ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе эътироз хоҳанд кард.

Аммо додраси ин парванда таъкид кардааст, ки ин ашхос натавонистанд асноди ҳуқуқии мавриди ниёз барои исботи моликияташон бар ин манозили маскунӣ ироа кунанд ва акнун ин хонаҳо ба нафъи давлат мусодира мешаванд. Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон низ муддаъӣ шудааст, ки Кабирӣ ва бародаронаш ин манзилҳои маскуниро ба номи афроди дигар сабт кардаанд, ки коре ғайриқонунӣ будааст.

Қаблан Муҳаммад Тиллозода яке аз фарзандони Кабирӣ гуфта буд, ки манзилҳои маскунии мутаъаллиқ ба хонаводаҳои онон, ки аз сӯи ширкати сохтмонсозии яке аз бародарони Кабирӣ сохта шуда буд, акнун тавқиф шуда ва ҳатто барои сукунати аъзои хонаводаи Муҳиддини Кабирӣ хонае намондааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, ки Кабирӣ ба таъсиси созмони ҷиноӣ, талош барои барандозии низоми сиёсӣ, доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ, терроризм ва мушорикат дар шуриши мусаллаҳона муттаҳам аст, иттиҳомоте, ки раиси Ҳизби мамнуъаи  Наҳзати исломӣ онҳоро рад мекунад.

Аз сӯи дигар, полиси байналмиллал (Интерпол) дар соли 2017 номи Кабирии 53 соларо, ки акнун дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, аз рӯйхатти афроди таҳти пайгарди қазоии ин ниҳод ҳазф кард.

Назарҳо