Апрел 25, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Чи касоне бояд барои афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон муҷозот шаванд

Пас аз дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бекор кардани афзоиши нархи интернет ва муҷозоти омилони ин иқдом, акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чи касоне бояд дар ин моҷаро бозхост шаванд?

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ-Вик, Хадамоти давлатии зидди инҳисорӣ, Хадамоти давлатии алоқа ва Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аз ҷумла идороте ҳастанд, ки барномаи афзоиши нархи интернет дар ин кишварро тадвин ва бар асоси дастури ҳукумати ин кишвар аз рӯзи 18 апрели соли равон иҷроӣ карданд.

Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрел нархи як гегабайти интернет дар ин кишвар бо эҳтисоби андоз ба 63 сомонӣ (баробари 6 доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд. Бар ин асоси нархи як дақиқа муколима бо кишварҳои хориҷӣ ба 2 сомонӣ ва 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам расид.

Ин дастур бо эътирози шадиди корбарони интернет дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ру ба ру шуд ва фаолиятҳои иҷтимоӣ дар мухолифат бо ин иқдом ба роҳ афтод.

Коршиносон дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар асоси бекор кардани фармони ҳукумати ин кишвар дар бораи афзоиши нархи интернетро натиҷаи ин эътирозот медонанд. Аммо дар рӯзи судури фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бекор кардани дастури афзоиши нархи интернет Саъдӣ Қодирзода раиси Хадамоти давлатии зидди инҳисории ин кишвар, ки аз мубтакирони ин иқдом буд аз мақомаш барканор ва ба симати муовини аввали раиси Дафтари раёсат ҷумҳурӣ мансуб шуд.

Ҳамчунин Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дастури Хадамоти давлатии зидди инҳисории ин кишвар дар бораи афзоиши нархи интернетро бидуни сабти ном дар ин вазорат ғайриқонунӣ эълом карда буд барои дифоъ аз мавзеъҳои хеш иқдоме анҷом надод.

Бино барин маълум нест чи ниҳод ё касоне аз дастандаркорони барномаи афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон буданд ва акнун бояд барои ин иқдоми номуваффақ, ки муҷиби эътирозоти густардаи иҷтимоӣ шуд, посухгӯ бошанд.

 

Назарҳо