Апрел 25, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар Пекин

Рӯзи 25 апрел дар чорчӯби сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ширкат дар дуввумин ҳамоиши ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд - як роҳ” Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот, маҷмӯи масоили ҳамкорӣ, тарҳ ва дӯрнамои муносиботи неки дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, дар ҷараёни ин мулоқот сарони ду кишвар аз вазъи кунунии ҳамкорӣ изҳори ризоят карданд ва муносиботи ду кишварро, ки бар асоси эҳтиром ва эътимоди байни якдигар шакл гирифтааст, омили муҳимми тавсеаи ҳамкорӣ унвон карданд.

Гуфтанист, мизони табодули коло байни ду кишвар то моҳи апрели соли ҷорӣ ба 62 миллион доллар расид ва шароити мавҷуди ду кишвар ин имконро медиҳад, ки мизони табодули коло дар солҳои наздик ба 500 миллион доллар бирасад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин нишаст дар бораи масоили байналмилалӣ ва минтақаии мавриди таваҷҷӯҳи ду кишвар низ баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп

Назарҳо