Май 15, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи ришвахӯрии муовини сардори боздоштгоҳи (СИЗО)-и рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани Тоҷикистон

Як мансабдори боздоштгоҳи (СИЗО)-и рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми ришвахӯрӣ боздошт шуд.

Ба гузориши Садо ва Симои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод, майор Алишер Алибоев, муовини сардори боздоштгоҳи (СИЗО)-и рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро ҳангоми ришвагирӣ аз як шаҳрванд ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.

Ин муомила дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан рух дод, ки майор Алибоев дар ивази дарёфти ришва ваъдаи мусоидати ғайриқонунӣ ба як зиндониро додааст.

Ин зиндонӣ аз бастагони фарди ришвадиҳанда будааст.

Алайҳи Алишер Алибоев парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

 

 

Назарҳо