Май 16, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи манфии иқтисоддонони тоҷик ба барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар ин кишвар

Коршиносон ва иқтисоддонони тоҷик бо вуҷуди иддаои Бонки ҷаҳонӣ мубтанӣ бар сармоягузории 1 миллиарду 400 миллион долларии ин ниҳод таи 25 сол ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боздеҳи ин маблағҳоро зери савол бурдаанд.

Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, Олимҷон Бобоев намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мегуяд, ислоҳоти ироашуда аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ҳамеша ба дарди ин кишвар намехурад, чаро ки борҳо Бонки ҷаҳонӣ ба баҳонаи ислоҳот дар сохтори ширкати давлатии Барқи тоҷик ҳукумати Тоҷикистонро водор ба афзоиши нархи барқи масрафӣ кард, ки бо даромади молии мардуми тоҷик созгор набуд ва вазъияти ин ширкат низ беҳтар нашуд.

Ҳоҷимуҳаммад  Умаров иқтисоддони тоҷик муътақид аст, Бонки ҷаҳонӣ бо ироаи тарҳи вогузории корхонаҳо ва марокизи тавлидии Тоҷикистон ба бахши хусусӣ амалан саноати ин кишварро нобуд кард, чаро ки шохиси тавлиди маҳсулоти санъатии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба маротиб поинтар аз соли 1991 мебошад. Ҳол он, ки Бонки ҷаҳонӣ метавонист кумакҳои молии худро барои сохти корхонаҳои нави санъатӣ ва иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон ҳазина кунад.

Аз сӯи дигар Анвар Камолов иқтисоддони тоҷик таъкид мекунад бархе аз барномаҳои ислоҳоти мавриди назари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аслан иҷроӣ нашудаанд ва ё ки сатҳӣ ба марҳилаи иҷроӣ расидаанд, мисоли рушани ин навъи нокомӣ , тарғиби Тоҷикистон ба ислоҳоти мавриди назари Бонки ҷаҳонӣ дар чорчуби барномаи рушди тиҷорат будааст.

Бар асоси шохисҳои 2018 Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии барномаи рушди тиҷорати мавриди назари Бонки ҷаҳонӣ бо ду зина суқут дар ҷайгоҳи бадтар низ қарор гирифт, аммо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ муддаъӣ ҳастанд, ки вуҷуди фасоди молии густарда дар низоми идории Тоҷикистон монеъи рушди иқтисоди ин кишвар мешавад. Ҳамчунин саҳми бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, ки бояд рукни аслии иқтисоди ин кишвар бошад танҳо 13 дарсад аз иштиғолро ба худ ихтисос додааст, ки шохиси ночиз ба ҳисоб меояд.

Назарҳо