Май 16, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Арзиши як доллар дар Бозори сиёҳи Тоҷикистон ба 10 сомонӣ расид

Барои бори нахуст аз соли 2003 арзиши сомонӣ воҳиди пули милли Тоҷикистон дар баробари доллар дар бозори ғайри расмӣ ба 10 сомонӣ расид, ки ин мавзӯъ ҳокӣ аз номутавозин будани мизони воридот ва содироти маҳсулот дар ин кишвар аст.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, таи рӯзҳои ахир арзиши доллар дар бозори ғайри расмӣ дар Тоҷикистон ба 10 сомонӣ расид.

Ҳол он ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон арзиши расмии як доллар дар баробари воҳиди пули миллии ин кишвар 9 сомонӣ ва 43 то 9 сомонӣ ва 44 дирам сабт шудааст.

Афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон замоне рух дод, ки таҳияи доллар дар бонкҳо ва марказҳои муҷози тиҷории ин кишвар ғайримумкин аст, чароки аз оғози соли 2019 фаолони бахши хусусии Тоҷикистон аз камбуди доллар дар бонкҳои тиҷории ин кишвар шикоят мекарданд ва коршиносон ба 10 сомонӣ расидани арзиши як долларро баъид намедонистанд.

Бонкҳои тиҷорӣ ва марокизи муҷози молии ин кишвар эълом кардаанд танҳо аз мардум доллар харида мешавад ва барои фуруш арзи зиёде дар ихтиёр надоранд.

Дар бонки тиҷории Қазоқитон дар шаҳри Душанбе танҳо ба 25 нафари аввале, ки аз субҳ барои хариди доллар дар саф истодаанд ба ивази ҳар муштарӣ то 300 доллар фурухта мешавад.

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз афзоиши нархи арзҳои хориҷӣ дар соли 2015 ба бастани тамомии саррофиҳо иқдом карданд, ки ин тадбир низ корсоз нашуд.

Аммо коршиносон афзоиши тавони содирот ва воридот ба нафъи воридотро омили аслии навасоноти арзӣ дар ин кишвар унвон мекунанд. Зеро аз маҷмуъи 1 миллиарду 300 миллион доллар муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи чаҳор моҳи нахусти соли равон 1 миллиард воридот ва наздик ба 300 миллион доллар содирот будааст.

Назарҳо