Сентябр 11, 2019 08:59 Asia/Dushanbe
  • Содироти 58 миллиондолларии барқи тоҷик ба хориҷ

Мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон таи ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба арзиши молии 58 миллион доллар хабар додаанд, ки дар муқоиса бодавраи мушобеҳи соли қабл 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз сомонаи TopTj, таи ин муддат дар Тоҷикистон 12 миллиарду 240 миллион киловатт/соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо дарвараи мушобеҳи соли қабл 685 миллион киловатт/соат бештар будааст.

Аз ин мизони барқ 11 миллиарду 338 миллион киловатт/соат дар нерӯгоҳи барқи обӣ ва бақия дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва барқи обии кӯчак тавлид шудааст.

Гуфта мешавад танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ аз нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда- 2 ба Афғонистон 241 миллион киловатт/соат, ба Қирғизистон 16 миллион киловатт/ соат ва ба Узбакистон 382 миллион киловатт/ соат барқ содир шудааст.

Қаблан эълом шуда буд, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро афзоиш хоҳад дод.

Назарҳо