Сентябр 11, 2019 10:21 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои гурӯҳи ифротии "Толибон" бо ишғоли минтақаи Янгиқалъаи вилояти Тахор дубора ба марзи Афғонистон ва Тоҷикистон наздик шуданд.

Ба нақл аз манобеи расмии Афғонистон, шибҳи низомиёни ин гурӯҳ шоми сешанбе минтақаи Янгиқалъаро дар наздикии марз бо Тоҷикистон ишғол карданд ва барои чандин бор таи ҳафтаиҳои ахир мӯҷиби таниш дар марзи муштараки ду кишвар шуданд.

Муҳаммадҷаводи Ҳайдарӣ, сухангӯи волии Тахор ишғоли Янгиқалъа ба дасти "Толибон"-ро тасдиқ кард, аммо дар айни ҳол ибрози умедворӣ намуд, ки бо эъзоми нерӯҳои бештари давлатӣ ба ин минтақа авзоъ тағйир кунад.

Пеш аз ин "Толибон" манотиқи дигаре аз устонҳои ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистонро монанди Бадахшон, Тахор ва Қундуз тасарруф карданд, аммо баъд аз сӯи нерӯҳои давлатии Афғонистон ронда шуданд.

 

 

Назарҳо